Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Сукути Раҳмон дар бораи табъизи ҷинсиятӣ

golshan by golshan
13 February 2019
in Human rights, Women, Сиёсат, Ҷомеъа
Сукути Раҳмон дар бораи табъизи ҷинсиятӣ

Яке аз мавзӯъҳои баҳсбарангези ин рӯзҳо дар Тоҷикистон суханронии солинавии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳамчунон мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад.

Ин суханронӣ ба торихи 26-уми десомбр дар маҷлиси расмии ҳукумати Тоҷикистон эрод шуд ва дар он Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои ин кишвар дар соли мелодии 2018 ва барномаҳои пешорӯи давлат суҳбат кард. Вай аҳ ҷумла аз афзоиши ҷамъияти Тоҷикистон аз 5.1 милюн дар соли 1990 ба 9.1 милюн дар соли 2018 ёдовар шуд ва афзуд, ки тӯли умр дар кишвар ахиран то ба 75 сол боло рафтааст. Бар асоси пешбиниҳои масъуони давлатӣ, интизор меравад дар соли 2023 шумори ҷамъияти Тоҷикистон ба 10 милюн бирасад.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз афзоиши 11-дарсадии ҳуқуқи моҳонаи кормандони давлатӣ хабар дод ва гуфт омори муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аз кишвар тайи солҳои ахир 25 дарсад коҳиш ёфтааст.

Он чи дар ин суханронӣ баҳсбарангез аст, мавзӯъи баробарии ҷинсиятӣ дар арсаҳои сиёсӣ ва иҷтимоъӣ буд, ки то ҳол риъоят намешавад ва аз 21 узви кобине танҳо як нафар зан аст. Аммо барои рафъи нобаробарии ҷинсиятӣ дар сатҳи ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон барномаи дақиқеро эълом накард.

Дар бархе аз кишварҳои дар ҳоли тавсеъа сиёсате роиҷ аст, ки ки тибқи он давлат барои таъмини баробарии ҷинсиятӣ имиёзоте ба занон қоил мешавад. Бар асоси суханронии Раҳмон, дар Тоҷикистон чунин барномае барои солҳои оянда пешбинӣ нашудааст, то бар асоси он қонун ва тарҳи мушаххасе барои рафъи нобаробарии ҷинсиятӣ дар сатҳи ҳукумат таҳия ва иҷро шавад.

Видеуи суханронии Эмомалӣ Раҳмонро метавонед дар инҷо бибинед:

https://www.youtube.com/watch?v=qhmftNg8I-o&t=1832s

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо