Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Таҳдиди Дидбони Ҳуқуқи Башар ба эъмоли таҳрими Магнитский ъалаҳи давлати Тоҷикистон

golshan by golshan
19 February 2019
in Uncategorized

دیدبان حقوق بشر اعلام کرده است که حکم خیرالله میرسعیداف، روزنامه‌نگار تاجیک، غیر قابل قبول است و در صورت سرکشی دولت تاجیکستان از بازنگری پرونده این روزنامه‌نگار و تجدید نظر در حکم او، علیه دولت تاجیکستان تحریم از نوع ماگنیتسکیی اعمال خواهند شد. این نوع تحریم از سال 2012 تا حال عمل می‌کند و بر اساس آن کشورهای اروپایی و کشورهای بانی حقوق بشر می‌توانند دارایی‌های مالی و ثرمایه‌گذاری‌های دولت تاجیکستان و مقامات این کشور را در خارج از کشور مصدود کنند. عنوان این تحریم از نام سیرگیی ماگنیتسکیی، حساب‌دار سازمان مالیات روسیه، برگرفته شده است که سال 2009 بازداشت و زندانی شد.

Хайруллоҳ Мирсаидов. Акс аз сойти Дидбони Ҳуқуқи Башар

Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Кумитаи Нурвежии Ҳелсинкӣ гуфтаанд, ки тасмим додгоҳи Тоҷикистон дар торихи 11 моҳи жулойи соли 2018, нисбат ба Хайруллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигори машҳури тоҷик, ғайриқонунист ва бояд ҳарчи зудтар таҷдиди назар кунад.  Ин созмон гуфтааст, рӯзноманигори тоҷик бо иттиҳоми ҷаълӣ ба 12 сол зиндон маҳкум шудааст.

Хайруллоҳ Мирсаидов бо иттиҳоми суъистифода аз мавқеъияти корӣ, истифодаи шахсӣ аз будҷаи давлат, гузориши ғалат ба пулиси маҳаллӣ ва иттиҳоми фасоди молӣ ъалаҳи мақомоти маҳаллӣ, ба 12 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудааст. 

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ин ҳукми додгоҳи Тоҷикистонро маҳкум кардааст ва аз созмонҳои байналмиллалие, ки бо ин кишвар сарукор доранд, хостааст ба мақомоти Тоҷикистон фишор ворид кунанд, то ин ҳукмро бознигарӣ кунад. Дар сурати ғайр, ин созмон эълом кардааст, ки ъалайҳи давлати Тоҷикистон таҳрими мавсум ба Магнитскийро эъмол хоҳанд кард.

Таҳрим Магнитский аз соли 2012 расман шинохта шудааст ва ъамал мекунад. Бар асоси ин таҳрим, созмонҳои ҳуқуқи башар, мудофеъони озодии баён ва ҳамкорони байналмиллалӣ, метавонанд, фард ё давлатеро таҳрим кунанд. 

Дидбони Ҳуқууи Башар ихтор додааст, ки агар ҳукми ин хабарнигори тоҷик бознигарии мунсифона нашавад, роҳҳои ҳамкории молӣ ва додугирифти мақомоти Тоҷикистонро бо кишварҳои Урупоӣ ва Омрико маҳдуд ва ё мамнӯъ хоҳад кард.

Ҷилугирӣ аз сафарҳои хориҷии мақомоти давлатии Тоҷикистон низ ҷузъи ин таҳрим хоҳад буд.

Таҳрими Магнитскийро, Борок Убомо, райисҷумҳури вақти Омрико, соли 2012 ба имзо расонд ва номи ин таҳрим баргирифта аз номи Сергей Магнитский, ҳисобдори созмони молиётии Русия аст, ки соли 2009 ҳукми ғайримунсифона ва мушобеҳеро дарёфт карда буд.

Бар асоси ин таҳрим кишварҳои Урупоӣ ва Омрико сарвати молӣ ва сармоягузориҳои давлати Русияро дар хориҷ аз кишвар масдуд карда буд. Ҳол мумкин аст ки чунин таҳриме ъалайҳи мақомот ё давлати Тоҷикистон низ эъмол шавад ва дороии молии мақомоти давлатӣ ва кишвар дар бонкҳои хориҷӣ масдуд гардад ва аз сафар ба кишварҳои ъузви Иттиҳодия Урупо ва кишварҳои бонии ҳуқуқи башар, маҳрум гарданд.

Ин эъломияи Дидбони Ҳуқуқуи Башар дар сойти расмии ин созмон мунташир шудааст ва то ҳол шадидтарин таҳдид ба давлати Тоҷикистон аст ва даъват ба эъмоли фишори дигар созмонҳои байналмиллӣ ва бонии ҳукуки башар ъалаҳи давлати Тоҷикистон аст. 

Tags: дидбони ҳуқуқи башарМангитский санксиятаҳдид таҳрими давлатТАҲРИМИ МАГНИТСКИЙТоҷикистонХайруллоҳ Мирсаидовتحریم ماگنیتسکیماگنیتسی

Related Posts

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд
Uncategorized

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд

19 March 2019
Uncategorized

Заҳро Ҳусайнӣ: барои мубориза бо озори ҷинсии занони варзишкори афғон пустҳои мудириятиро ба онҳо биспоред

19 February 2019
Uncategorized

Барои нахустин бор як зан ба муъовинати Вазорати дохилаи Афғонистон мансуб шуд

19 February 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо