Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Тоҷикистон дар гузориши шохиси демукросии “Экономист” дар радаи 159 ҷой гирифт

golshan by golshan
6 March 2019
in Сиёсат, Ҷомеъа
Тоҷикистон дар гузориши шохиси демукросии “Экономист” дар радаи 159 ҷой гирифт

Russian President Vladimir Putin (L) shakes hands with Tajikistan's President Emomali Rakhmon during a meeting in Dushanbe on September 28, 2018. (Photo by Alexey DRUZHININ / SPUTNIK / AFP)

 


Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳавзаи Хазар аз ҷумла Эрон, Узбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Туркманистон дар гузориши 2018-и Экономист ҷузъи режимҳои тамомиятхоҳ табақабандӣ шудаанд

Воҳиди иттилоъотии Экономист гузориши тозаи худ аз вазъияти демукросӣ дар ҷаҳонро мунташир кард, ки дар он батартиб се кишвари Норвеж, Исланд ва Суэд дорои беҳтарин «демукросиҳои комил» шинохта шуда ва Тоҷикистон бо рутбаи 159 дар пойини ҷадвал қарор гирифтааст.

Ин гузориши ҷадид аз сӯи «Воҳиди иттилоъотии Экономист» таҳия шуда, ки бахши пажӯҳишӣ ва таҳлилии гурӯҳи Экономист,  ширкати хоҳари нашрияи бритониёии Экономист аст.

Исроил ва сипас Тунис ва Марокаш дар садри ҷадвали демукросӣ дар Ховари Миёна ва шимоли Офриқо қарор доранд.

Тоҷикистон ба унвони як кишвар бо «режими тамомиятхоҳ» дар ин радабандӣ рутбаи 159-ро аз они худ кардааст. Гузориши Экунумист давлатҳоро ба «Демукросии комил», «Демукросии ноқис», «Режимҳои таркибӣ аз демукросӣ ва истибдод» ва «Режимҳои тамомиятхоҳ» тақсим кардааст.

Дар гурӯҳи режимҳои тамомиятхоҳ Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ҳузур дорад. Рутбаи Эрон аз назари демукросӣ 150-ум аст.

Дигар кишварҳои Осиёи Миёна ва минтақаи дарёи Хазар низ аз вазъи чандон беҳтаре бархӯрдор нестанд. Афғонистон рутбаи 143, Қирғизистон рутбаи 144, Русия рутбаи 144, Ҷумҳурии Озарбойҷон рутбаи 149, Узбекистон рутбаи 156, ва Туркманистон рутбаи 162-ро касб кардаанд.

Барои демукросӣ дар 2018 чи иттифоқе уфтод?

Агар давлати Тоҷикистон ва ҳамсоягонаш аз вазъияти демукросии матлубе бархурдор нестанд, дар миқёси ҷаҳонӣ низ вазъияти демукросии давлатӣ ба ҳолате «беҳаракат» даруфтода аст.

Бар асоси гузориши тозаи Экономист, барои аввалин бор тайи се соли гузашта шохиси демукросии ҷаҳон дар соли 2018 раванди нузулӣ нишон намедиҳад, аммо пешрафте низ дар ин замина дар миқёси ҷаҳонӣ сабт нашудааст.

Ин гузориш менависад, ки дар соли 2018 дар рутбабандии демукросӣ дар чандин кишвари муҳими урупоӣ, аз ҷумла Итолиё, Туркия ва Русия, мизони қобили мулоҳизаи таназзули рутба дида мешавад. Итолиё бо 12 рутбаи коҳиш, Туркия 10 рутба ва Русия бо 9 рутба коҳиш рӯбарӯ будаанд.

Аз сӯи дигар, дар рутбаҳои Арманистон, Мақдуния, Экводур, Ҳоитӣ ва Тунис беҳбуди қобили таваҷҷуҳе сабт шудааст.

Дар ҷое аз гузориши Экономист омадааст: «Дар сартосари ҷаҳон, сархӯрдагии амиқ аз амалкарди давлатҳо ошкоро дида мешавад, ки ин амр беэътимодӣ ба ниҳодҳои сиёсӣ ва дар ниҳоят ба худи демукросиро ба бор овардааст.

Коҳиши озодиҳои мазҳабӣ, яке аз равандҳои чанд соли ахир, ҳамчунон идома ёфтааст. Аммо ба рағми дилсардии мавҷуд аз демукросӣ, дар сатҳи ҷаҳонӣ мушорикати сиёсӣ дар соли 2018 афзоиш ёфтааст. Боло бурдани мушорикати сиёсӣ ба маънои демукротиктар будани низоми сиёсӣ ва саломати бештари он аст.

Шохисҳо нишонгари он аст, ки мардум ба ҳеч ваҷҳ нисбат ба сиёсат бетафовут ё бо он бегона нестанд ва мардуми кишварҳои мухталиф ба раъй додан иқбол нишон дода ва даст ба ҳаракоти мутаъаддиди эътирозӣ задаанд.»

Tags: мушорикати сиёсӣОсиёи МиёнаТоҷикистоншохиси демукросӣ

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо