Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Тоҷикистон: вазъияти сиёсӣ як сол пеш аз интихоботи риёсатҷумҳурӣ

golshan by golshan
13 February 2019
in Сиёсат, Ҷомеъа
Тоҷикистон: вазъияти сиёсӣ як сол пеш аз интихоботи риёсатҷумҳурӣ

Интихоботи риёсатҷумҳурӣ ва порлумонии Тоҷикистон соли оянда дар торихе ҳанӯз номуъайян баргузор мешавад. Пешбинии ғолиб: ё пирӯзии дигаре барои Эмомалии Раҳмон, раиси ҷумҳурии 66-сола; ё агар ӯ ҳавсалаашро надошта бошад, пирӯзӣ барои писараш Рустам.

Қарор аст замоне дар соли ояндаи мелодӣ интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ дар Тоҷикистон баргузор шавад. Ҳанӯз аммо торихе муъайян нашуда ва натиҷа ҳам дар ин мақтаъи замонӣ пешбинипазир аст: ё пирӯзии дигар барои Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури 66-сола; ё агар ӯ ҳавсалаашро надошта бошад, пирӯзӣ барои писараш Рустам, шаҳрдори Душанбе, ё як муттаҳиди бисёр наздики дигар рақам хоҳад хӯрд.

Оё эҳтимоли дигаре ҳам вуҷуд дорад? Қатъан, аммо ба гувоҳии торих хонаводаи Раҳмон тамоми талошашонро хоҳанд кард, то дар раъси ҳирами қудрат дар Тоҷикистон боқӣ бимонанд. Эмомалии Раҳмон аз соли 1994 раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Рустам, писари 31-солаи раисҷумҳур, симатҳои муҳимме, аз риёсати идораи гумрук то риёсати ожонси зидди фасоди Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Падараш ӯро дар соли 2017 ба шаҳрдории Душанбе гумошт ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори қаблӣ аз соли 1996 то он замонро, барканор кард. Ҳамапурсии Қонуни асосии 2016-и Тоҷикистон на танҳо роҳро барои модомулъумр кардани риёсати ҷумҳурии Раҳмон боз кард, балки синни қонунии интихоб ба риёсати ҷумҳуриро низ аз 35 ба 30 коҳиш дод. Дар соли 2020 Рустам 33-сола хоҳад буд.

Ҳамон ҳамапурсӣ буд, ки фаъолияти аҳзоби сиёсии диниро мамнӯъ кард ва охирин мехро бар тобути Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), аз аҳзоби умдаи мухолиф, кӯбид.

Тангноҳои мухолифон

Эҳтимоли бисёр каме вуҷуд дорад, ки мухолифини дохилӣ иҷозаи эҷоди чолише ҷиддӣ барои раиси ҷумҳуриро пайдо кунанд. Дар даврони интихоботи риёсати ҷумҳурии 2013 эътилофе аз аҳзоби мухолиф, аз ҷумла ҳизби сусиёл-демукрот ва ҲНИТ, ки он замон ҳанӯз қонунӣ буд, аз номзаде воҳид ҳимоят карданд: Ойниҳол Бобоназарова, як зани секулори фаъоли ҳуқуқи башар. Бобоназарова натавонист 210 ҳазор имзои мавриди ниёз барои сабти номаш дар интихоботро ҷамъоварӣ кунад. Ҳомиёнаш далели онро дахолати ҳукумат унвон карданд. Бар асоси иттилоъи расмӣ Раҳмон 84 дарсад аз ороро касб кард.

Мухолифон акнун аз соли 2013 вазъи бадтаре доранд. Ҳизби наҳзати исломӣ ду курсии порлумонияшро дар интихоботи баҳсбарангези авоили 2015 аз даст дод ва охири он сол ба хотири шӯриши мунтасаб ба Абдуҳалими Мирзо, як муъовини вазири дифоъ, муқассир шумурда шуд. Мақомот ин ҳизбро “теруристӣ” хонданд ва раҳбаронаш дар дохили кишварро ба зиндон андохтанд ва дар муҳокимаҳои намоишӣ маҳкум карданд (ва пас аз ин муҳокимаҳо вукалои мудофеъи онҳоро низ боздошт карданд ва ба зиндон андохтанд).

“Ҷунуни” як пизишки бознишаста?

Барои баррасии имкони рақобати як номзади “ғайрихудӣ” дар интихоботи соли 2020-и Тоҷикистон метавонем Қувваталӣ Муродовро зери назар дошта бошем. Гуфта мешавад, ки ин пизишки бознишаста тамоюл ба ширкат дар интихобот дорад. Бар асоси як гузориши родиюи Озодӣ “Қувваталӣ Муродов як пизишки бознишаста ва бидуни вобастагии сиёсӣ аст, аммо ҷоҳталабии ҷасуронае барои ба чолиш кашидани Раҳмон дар соли 2020 дорад. Аммо пас аз ин ки гуфт мехоҳад ба “сиёсати тарс” дар Тоҷикистон поён диҳад ва пешниҳод кард, ки мақомҳо маҳдудиятҳои пеши рӯи дигарон барои ширкат дар интихоботи риёсати ҷумҳуриро бардоранд, саломати ақлии ӯро зери суол бурданд.”

Ҳатто ибрози алоқаи як рақиб ба ширкат дар интихобот беш аз як сол қабл аз баргузории он боъис шуда як корзори тахриби шахсият ба роҳ биюфтад. Муродов шонси бисёр андаке барои ширкат дар интихобот дорад, чи бирасад ба пирӯзӣ дар он. Ӯ дар мусоҳиба бо родиюи Озодӣ мегӯяд, ки хонаводааш ҳам аз ӯ ҳимоят намекунанд ва чаҳор фарзандаш ба ӯ гуфтаанд, ки ба Раҳмон раъй хоҳанд дод: “Онҳо ба ман мегӯянд дар интихобот ширкат накун, чун тарсидаанд.”

Инки чиро Муродов ба фикри ширкат дар интихобот уфтода, маълум нест, аммо исрораш бар ин ки хонавода аз ӯ ҳимоят намекунанд, далели мушаххасе дорад: одати давлати Тоҷикистон ба ҳадаф қарор додани хонаводаи афроди дардисарсоз.

Бино бар он чи дар боло омад, интихоботи соли 2020-и Тоҷикистон эҳтимолан тафовуте бо интихоботҳои гузашта нахоҳад дошт. Аммо ҳанӯз як соли тӯлонӣ боқӣ монда ва чизҳои зиёде метавонад тағйир кунад.

Tags: интихоботи риёсати ҷумҳурӣозодии баён дар ТоҷикистонТоҷикистонҳуқуқи башар дар ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо