Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

“Тоҷик Эйр” дар остонаи варшикастагӣ қарор гирифт

golshan by golshan
13 February 2019
in Economy, Ҷомеъа
“Тоҷик Эйр” дар остонаи варшикастагӣ қарор гирифт

Ширкати сӯхтрасонии TZK як фарванд Буинги 757-и "Тоҷик Эйр"-ро дар изои бидеҳии ин ширкат мусодира кард. Ин ширкат ба Ҳасани Асадуллоҳзода, бародарзани раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, таъаллуқ дорад.

 

Мумкин аст ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» пас аз эъломи варшикастагӣ бо ширкати ҳавопаймоии «Душанбе» идғом шавад. Яке аз ҳафт духтари раисҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи тасоҳуби “Тоҷик Эйр” аст.

“Тоҷик Эйр” батозагӣ эълом карда, ки ҳамаи парвозҳояшро то фарвардин/март ба таъвиқ дармеоварад. Халабонон ва хадамаи парвоз низ ногузир шудаанд ба мураххасии бидуни дастмузд тан диҳанд.

Дар 15 соли гузашта батадриҷ бидеҳии “Тоҷик Эйр” ба фурудгоҳҳо ва марокизи сӯхтрасонӣ ва хадамоти парвоз дар дохили Тоҷикистон ба 14 милюн дулор расидааст.

Расонаҳои Тоҷикистон эҳтимол додаанд, ки бидеҳии “Тоҷик Эйр” ба фурудгоҳҳои байналмилалӣ беш аз ин маблағ бошад. Дар уктубри соли гузашта қарор буд “Тоҷик Эйр” бо таҳияи ҳавопаймоҳои мусофирбарии тоза аз Русия, парвозҳои худ ба Самарқанд ва Шарҷаро аз сар бигирад. Интизор мерафт, ки ин буҳрон гузаро бошад. Аммо бо оғози соли милодии ҷорӣ ширкати сӯхтрасонии TZK, ки ба Ҳасани Асадуллозода, бародарзани раисҷумҳурии Тоҷикистон, таъаллуқ дорад ва мудири омили он ҳам хоҳарзодаи Асадуллозода аст, аз сӯхтрасонӣ ба ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” худдорӣ кард.

Фурудгоҳҳои Русия ҳам ба тарзи ғайримунтазирае эълом карданд, ки ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр”-ро ба далели бидеҳиҳои ин хатти ҳавоӣ дар фурудгоҳҳои худ намепазиранд. 15-уми январ ширкати сӯхтрасонии TZK як фарванд Буинги 757-и “Тоҷик Эйр”-ро дар изои бидеҳиҳои ин ширкат мусодира кард ва ба ин тартиб парвозҳои “Тоҷик Эйр” ба Деҳлӣ низ мухтал шуд.

Давлати Тоҷикистон ҳайъатеро масъули расидагӣ ба бидеҳиҳои “Тоҷик Эйр” кардааст. Қарор буд то 14-и январ ин ҳайъат натиҷаи баррасиҳои худро эълом кунад. Аммо чунин нашуд ва ин мавзӯъ ба таъвиқ уфтод.

Расонаҳои Тоҷикистон акнун эҳтимол додаанд, ки ширкати “Тоҷик Эйр” бо ширкати ҳавопаймоии Душанбе идғом мешавад, эъломи варшикастагӣ мекунад ва давлат ҳам пардохти бидеҳиҳои онро ба уҳда мегирад. Сипас қарор аст Таҳминаи Раҳмон, яке аз ҳафт духтари Эмомалии Раҳмон, ин ширкатро тасоҳуб кунад. Ӯ аз ҳамакнун номе ҳам барои ин ширкат баргузидааст: “Ватан Эйр”.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ӯ, ки қаблан номи хонаводагии Раҳмонов дошт, бо ҳазфи пасванди русӣ аз номи худ онро ба Эмомалии Раҳмон тағйир дод ва ба тоҷикон низ тавсия кард, ки ба асли худ баргарданд ва барои худ номи хонаводагии форсӣ баргузинанд.

Tags: Осиёи МиёнаСомон ЭйрТоҷик ЭйрТоҷикистон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо