Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Ту ғалат мекунӣ, ки музокира намекунӣ!

Муҳаммадризои Некфар, сардабири Родиёи Замона

shahzoda by shahzoda
24 May 2019
in Матолиби баргузида, Ҷомеъа
Ту ғалат мекунӣ, ки музокира намекунӣ!

Муҳаммадризо Некфар, сардабири родию Замона ва аз файласуфони пуркори эронии муқими Олмон, дар мақолаи ахири худ нигоҳе карда ба фазои ҷанголуди байни Эрону Амрико ва нақде навишта дар бораи дар бастанҳои раҳбари Эрон ба рӯи музокира бо Амрико, ки борҳо дар тӯли як ҳафтаи гузашта гуфт: меҷангем. Оқои Некфар дар ин навишта аз мавзеъи рӯшанфикрон ва аҳзоби мухталифи мухолифи раҳбар ва Ҷумҳурии Исломии Эрон навишта ва мегӯяд, ки мутаассифона бо ин ки дар Эрон ва хориҷ аз он таҳлилгарони сиёсии хуб дорем, касоне ки зидди ҷанг бошанд, бисёр каманд. Ва аз ҷанг ва вайрониҳои ҷанг мегӯяд ва ақида дорад, ки ҷанг ҳеч роҳҳале нест.

«Ҷанг» ба вожаи рӯз табдил шудааст, бо вуҷуди ин мекӯшанд ҷиддияш нагирем. Нашрияеро, ки ҷангро ҷиддӣ гирифта буд, бастанд, то дигарон ҳисоби корашонро дошта бошанд. Бо вуҷуди фалокат, ба бозор дулор тазриқ мекунанд, то нархи арзро пойин нигаҳ доранд ва авзоъро одӣ ҷилва диҳанд. Аз як сӯ мезананд ва дастгир мекунанд, аз сӯи дигар шиъори ваҳдат сар медиҳанд. Мардумро дар мангана (стэплер) гузоштаанд: ҳукумат, таҳдидҳои ҷангии хориҷӣ ва дар ҳамсӯии амалӣ бо онҳо, касоне ки таҳрим ва ҷангро ба суди мардум медонанд ва ваъда медиҳанд, кори режим тамом аст, бо таҳаммули каме фишор ва аҳёнан як амали ҷарроҳии зебое ба сурати як даргирии низомӣ, ки мегӯянд, ба мардум осебе нахоҳад расонд.

Хумайнӣ мегуфт: ҷанг неъмати илоҳӣ аст. «Ҳизби нафрат» ба мавзӯъи Хумайнӣ расидааст.

Баъид нест ҷанг даргирад ва фардо дастгоҳи таблиғотии режим бар дару девор қавли Хумайниро бинависад. Ҳашт сол гирифтори он «неъмати илоҳӣ» будаем ва медонем ҷанг яъне чи. Аммо оё медонем?

Саддом Ҳусейн истилоҳи «умалмаъорик» ба маънои «модари ҷангҳо»-ро вориди қомуси ваҳшат дар минтақа кард. Агар миёни Эрон ва Амрико ҷанг даргирад, баъид нест, ки тоза дарёбем «умламаъорик» яъне чи; ҷанги муҳтамил оянда модари ҷангҳое бепоён хоҳад шуд.

Мегӯед, муҳтамил нест, ҷиддӣ нагирем. Аммо магар худамонро сарзаниш намекунем, ки ҳофизаи торихӣ надорем? Оё шарти ақл ин нест, ки ҷиддӣ нагирифтанамонро ҷиддӣ бигирем? Оё алоими шеваи султагарии мулоёнро дар пеш аз инқилоб ҷиддӣ гирифтем? Дар мавриди алоими ҷанг бо Ироқ чи мегӯем? Ҷанг ки дар гирифт, оё онро он қадр ҷиддӣ гирифтем, ки дарёбем аз ҷангҳои ҷаҳонӣ ҳам тӯлонитар хоҳад шуд? Оё руоварӣ ба атумро
ҷиддӣ гирифтем? Ва низ дар Сурияро?

Ба ин ду мавриди ахир ишора кунам: касоне аз ин ба истилоҳ «опозисюн»-ро мешиносам, ки даҳ соли пеш вақте ба онон гуфта мешуд, биёед дар муқобили кеши атум биистед, рӯоварии режим ба текнулужии ҳастаӣ кишварро бечора хоҳад кард, посухашон дар беҳтарин ҳолат беэътиноӣ буд. Аммо чи басо мегуфтанд бумисозии текнулужии ҳастаӣ кори хубе аст ва ин мавзуъи миллиро набояд бо мухолифат бо режим даромехт. Ва ҳамчунин дар мавриди Сурия. Дар ҳамин расонаи «Замона» мо ҳар бор хостем парвандае дар мавриди Сурия бигшоем, банудрат нависандае пайдо мекардем, ки зидди ҷанг бинависад. Таҳлилгари сиёсӣ фаровон дорем, аммо қалами зидди ҷанг бисёр-бисёр кам. Аз ҳама муддаиёни имрӯзии мухолифат бо режим бипурсед, ки нишон диҳанд чи чизе алайҳи кеши атум ва дахолат дар Сурия навиштаанд? Матолиби давраи ахир ва бавижа пас аз хуруҷи Амрико аз Барҷом, табъан ҷои ифтихор надорад.

Ҷилави ҷанг биистем, ҳатто агар рӯзамон ин қадр бошад, ки дар акс мебинед. Хоманаӣ гуфтааст, ҷанг нахоҳад шуд, музокира намекунем. Дар муқобилаш биистем: ту ғалат мекунӣ, ки музокира намекунӣ, ҳатто агар хатари ҷанг бисёр поин бошад, ҷилави ҷанг биистем, ҳатто агар рӯзамон ин қадр бошад, ки дар акс мебинед.

Чи бояд кард?

Хоманаӣ мегӯяд, ҷанг нахоҳад шуд. Мо бигӯем: ин гуна ки ту то кунун амал кардаӣ, муҳтамил аст, ки ҷанг шавад. Мо рӯи ақли тарафи муқобил наметавонем ҳисоб кунем, аммо ҷунуни туро мешиносем.

Хоманаӣ мегӯяд, музокира намекунем. Бигӯем: ту ғалат мекунӣ. Мардумро мехоҳӣ қурбонии ҳифзи чанд мушак кунӣ, ки ҳамин ду-се рӯзи аввали ҷанги эҳтимолӣ аз кафат мераванд.
Хоманаӣ ва посдоронаш мегӯянд, аз ҷанг наметарсем. Ҳама ҷо аксҳои ҷанги ҳаштсоларо бизанем ва бигӯем аз ин бадтар хоҳад шуд.

Хоманаӣ ва мудиронаш мегӯянд, мудирият мекунем. Бигӯем: чиҳил сол аст, мудириятатонро дидаем, аз ҷумла дар Наврӯзи селобии имсол.

Корҳои бисёре метавон кард. Ба зарурати як ҷунбиши размандаи сулҳ ки бирасем, фавран ба маҷмӯъае аз ибтикорот хоҳем расид, дар дохил ва дар хориҷ. Дар ин бора таҷрубиёти арҷманде вуҷуд дорад.

Дар мавриди мо муҳим гираҳ хурдани Ҷунбиши сулҳ ба Ҷунбиши маҳрумон аст, ҷунбише, ки аз даймоҳи 1396 баромад ёфт. Ҷунбиши занон дар ҳама кишварҳо аз сутунҳои аслии ҷунбиши сулҳ аст. Замини ҷунбиши сулҳ ҳамчунин замини рӯиши ҷунбиши донишҷӯён ва ҷавонон аст. Ҷунбиши сулҳ ҷунбиши ҳунар ва андеша аст.

Tags: ОмрикоҷангҶунбиши маҳрумонҶунбиши сулҳЭрон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо