Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Хатари махлут шудани имлои тоҷикон ва роиҷ шудани “ж” ба ҷои ҳарфи “ҷ”

shahzoda by shahzoda
29 March 2019
in Minorities, Матолиби баргузида, Фарҳанг, Ҷомеъа
Хатари махлут шудани имлои тоҷикон ва роиҷ шудани “ж” ба ҷои ҳарфи “ҷ”

Ҳудуди ду сол аст, ки бисёре аз тоҷикон дар саросари ҷаҳон аз ҳуруф ё қалам (фонт)-и узбекӣ барои навиштан ба хатти сириллик дар гӯшиҳои телефуни худ истифода мекунанд.

Истифода аз ҳуруфи узбекӣ нисбат ба русӣ, бавижа дар миёни тоҷикони Узбекистон, бештар ба мушоҳида мерасад, аммо ин амр ҳамзамон имлои забони узбекиро бар имлои роиҷи тоҷикон савор кардааст. Бавижа имлои роиҷи тоҷикон дар фазои маҷозӣ ба мурури замон таҳти султаи имлои забони узбекӣ қарор гирифтааст.

Мушоҳидаҳо дар солҳои ахир ҳокист, ки ин амр тағйироти нигаронкунандае дар одатҳои навиштории тоҷикони бурунмарзӣ ворид кардааст. Барои мисол, истифода аз ҳарфи узбекии “ж” ба ҷои ҳарфи тоҷикии “ҷ” дар вожаҳое, ки “ҷ” доранд. Ва ин мисоли кӯчак метавонад дар дарозмуддат ба аз байн рафтани талаффузи хосси тоҷикон мунҷар шавад.

Агар дар ин миён паёмаке аз тоҷикони бурунмарзӣ дарёфт карда бошед, мутавваҷеҳ шудаед, ки ба ҷои “ҷон” “жон” ва ба ҷои “ҷамоъат “жамоъат” менависанд ва ин танҳо ба хотири он аст, ки дар ҳуруфи узбекие, ки давлати Узбекистон барои гӯшиҳои ҳамроҳ фароҳам карда, ҳарфи “ҷ” вуҷуд надорад. Ва ин танҳо як мисол аз даҳҳост.

Мақомоти масъули Тоҷикистон, ки дар тӯли даҳ соли гузашта мебоист рӯи таҳияи ҳуруф ё қаламҳои тоҷикӣ барои телефунҳои ондруид ва ойфун моя гузоранд, ин масъаларо комилан нодида гирифтаанд ва дар ин росто бештар ба масоиле камаҳаммият пардохтаанд.

Надоштани ҳуруфи хос барои гӯшиҳои ҳамроҳ заъфи як миллат ва давлат аст, ки нишонае аз бетаваҷҷуҳии он давлат ба густаришу парвариши забони расмии худ аст.

Мумкин аст давлати Тоҷикистон, ки аз лиҳози иқтисодӣ аз тангдасттарин кишварҳост, барои тавҷеҳи ин масъала набуди будҷеро баҳона созад. Аммо ин баҳона муваҷҷаҳ нест, чун таҳияи ҳуруфи роиҷи тоҷикон барои дастгоҳҳои роёна ва телефуни ҳамроҳ ҳазинаи зиёде наметалабад ва бо ҷалби теъдоде аз донишҷӯёни риштаи компютер ё роёна мешавад ин ниёзро ба осонӣ бароварда сохт.

Бо афзудани чанд ҳарф ва ҳазфи чанд ҳарфи роиҷ дар ҳуруфи русию узбекӣ мешавад имлои махсуси тоҷиконро вориди барномаҳои роёна ва пӯёна (телефуни ҳамроҳ) кард ва дар дастраси ҳамагон дар саросари ҷаҳон қарор дод.

Ин навъ ишколоти фаннӣ, ки ҳокӣ аз дастикам гирифтани забони расмӣ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон аст, мояи нигаронист ва масъулияти он бо касонест, ки мудирияти фарҳангу забон ва илму маъорифро дар кишвар ба уҳда доранд.

Агар масъулони давлати Тоҷикистон ҳарчи зудтар ин камбудро бартараф насозанд, тоҷикони бурунмарзӣ дар ояндаи наздик ҳама “тожик” хоҳанд шуд ва талаффузи тоҷикии онҳо дар сояи забонҳои туркӣ қарор хоҳад гирифт.

Давлати мустақил ва соҳибқудрат он аст, ки дар дараҷаи аввал ба забони расмии худ аҳаммият қоил бошад ва барои густаришу парвариши он моя гузорад, на ин ки дар ҷараёни аз байн рафтани он саҳим гардад ва тавре вонамуд кунад, ки масъалаҳое муҳҳимтар аз ин дорад. Вазоратҳои фарҳангу маъорифи Тоҷикистон муҳиммтар аз посдории забони Рӯдакӣ дигар чи коре метавонанд дошта бошанд.

Дар ин росто танҳо тарҳи таҳияи ҳуруф кофӣ нест ва ниёз ба муъарифии густарда дорад ва бояд ҳамром бо тарми барномаҳои муъарифии он бошад. Бидуни ҳамкории расонаҳо ва шабакаҳои телевизиюнии кишварҳои ҳамсоя шояд ин тарҳҳо ба дасти ҳамагон нарасад ва дар дохили марзҳои Тоҷикистон боқӣ бимонад. Мисли он ҳама имкононе, ки тоҷикони дарунмарзӣ бархурдоранд ва тоҷикони бурунмарзӣ аз онҳо ҳамвора маҳруманд.

Ба иловаи давлат ва вазоратҳои зидахли он, ҳамчунин марказҳои фарҳангии тоҷикон дар саросари минтақа низ бояд ин мавзӯъро ҷиддӣ бигиранд ва роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти забонро баррасӣ кунанд ба аз таҷрубаҳои мушобеҳи худ дар ин росто бо ҳамдигар гуфтугӯ кунанд ва мардумро, ки соҳибони аслии забонанд, дар ҷараёни посдорӣ ва рушди забони модарии худ саҳим созанд.

Шаҳзода Самарқандӣ

Tags: "ҷамоъат "жамоъат"tajik fontТоҷикистон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо