Бештарини ҷиноятҳои чанд моҳи охирро дар Осиёи Миёна ҷавонони мутаваллиди даврони истиқлол муртакиб шудаанд.

Шароити зист ва шуғли ҷавононро агар дар ин кишварҳои собиқ иттиҳодияи шӯравӣ баррасӣ кунем, мутаваҷҷех мешавем, ки ин ҷавонон аз ҳар гуна фазои тафреҳӣ маҳрум ҳастанд. Надоштани шуғл ва ҷобаҷоии мардум аз маҳалҳое, ки дар он бузург шудаанд, онҳоро дар шароите қарор медиҳад, ки ҳеҷ навъ назорате на аз ҷониби падару модарон ва на аз ҷониби ҷомеъа бар аъмоли онҳо нест. Вақте шинохта нашаванд, метавонанд ба ҳар хурдаҷиноят даст бизананд бидуни ин ки ҳуввияташон ошкор шавад ва ё обрӯ ва эътибори худ ва хешовандони худро дар маърази хатар қарор диҳанд. Магар ин ки тавсири ҷиноятҳои онҳо расонаӣ бишавад ва ҳуввияти махфии онҳо ошкор бишавад.
Дар чанд соли гузашта, давлатҳои Осиёи Миёна барои ҷилугирӣ аз афзоиши гароиш ба ислом роҳи ин ҷавононро ба масҷидҳо манъ кардаанд ва аз сӯи дигар барои хушомад ба мазҳабиёни маҳаллӣ ё хориҷӣ, бештарин марокизи тафреҳии ҷавононро таътил кардаанд.
Шумо худ қазоват кунед, ки вақте ҷавонон иҷоза надошта бошанд ба дискуҳои роиҷ аз даврони шӯравӣ бираванд ва марокизи бозиҳои мисли билиорд, шатранҷ, клубҳои ҷавонон ҳама барҳам хӯрда бошад, аз сӯи дигар тавони молии сафар кардан барои тафреҳ на барои ҳамаи ҷавонон яксон фароҳам бошад, давраҳои кӯтоҳи омӯзиши касбу ҳунарҳои мавриди ъалоқаашон фаъол набошад, фарҳанги ба синамо ва теотр рафтан низ рӯз то рӯз коҳиш меёбад, дигар чи интихобе барои ин ҷавонон боқӣ мемонад?
Ингуна фазои баста ва дилгиркунанда ҷавононро дар баробари гурӯҳҳои ифротӣ, ки баробари пули ҳангуфт ё гоҳе ночиз мехоҳанд аз онҳо суистифода кунанд, онҳоро заъиф ва зудбовар мекунад.

Буҳрони ҳуввият дар байни ин ҷавонон бармало аён аст. Ҷавонон пас аз итмоми мактаб ба кишварҳои мисли Русия сафар мекунанд ва мавриди таҳқиру озор қарор мегиранд ва ин боъиси афзоиши нигоҳи манфии онҳо ба ғарб мешавад ва гароиш ба гурӯҳҳои ифротӣ дар хориҷ аз кишвар мешавад.
Бисёре аз ҷавонон ҳеч фаҳмише аз ҳуввияти фардии худ надоранд ва худро бо мазҳаби худ ва боварҳои динӣ маҳдуд мекунанд. Аз ин ҷавонон агар бипурсед, ту кӣ ҳастӣ мегӯянд, мусалмонам. Танҳо ба мазҳаб маҳдуд шудани ҳуввияти ин ҷавонон, аз масоили ъумдаи сиёсӣ ва иҷтимоъии кишварҳои Осиёи Миёна аст, ки дар натиҷаи муқобилаи бидуни барномарезии дарозмуддати давлатҳояшон ба вуҷуд омадааст.
Чаро дигар ҷавонони мо аз сохтани ояндаи худ бо талоши бозӯи худ даст бардоштаанд ва онро ба худо ва ҳомиёни худо ҳавола кардаанд? Чи эроде дар сохтори омӯзишии ин кишварҳост, ки ҷавонони бо дастони холӣ аз таҳсили даҳсолаи мактабҳои дунявӣ берун меоянд?
Яке аз муҳимтарин масулияти мактабҳо кӯмак ба кӯдакон ва наврасон барои пайдо ва муаян кардани ҳуввияти миллӣ ва фардии онҳост, ки пайдост муваффақ нест.
Шояд изофа кардани дарсҳои мазҳабӣ ва омӯзиши ҳамаи адён дар мактабҳои миёна ва яксон муъарифӣ кардани мазҳабҳои мавҷуд, ин мушкилро то ҳадде бартараф кунад.
Ҷолиб ин аст, ки мактабҳои кишварҳои Осиёи Миёна ҳама дунявӣ маҳсуб мешаванд, дар ҳоле ки ҷомеъа дарсади боло мазҳабӣ аст.
Дар кишварҳои Урупоӣ ҳамаи адён баробар омӯзиш дода мешавад ва аз дин ва торихи дин иттилоъоти дақиқ ва равшан ба кӯдакон ва наврасон дода мешавад, то аз синни хосси навҷавонӣ онҳо интихоб мекунанд, ки кадом динро амиқ ва тахассусӣ биомузанд.
Саркашии давлатҳои Осиёи Миёна аз изофаи дарсҳои динӣ, боъис шуда, ки иттилоъоти мазҳабӣ ва диниро кӯдакон ва наврасону ҷавонони мо аз муллоҳо ва масҷидҳо ба даст биёранд, маъмулан маҳдуд ба дониш ва саводи он муллои маҳал маҳдуд аст. Дар ҳоле, ки метавонанд, динро дар баробари физик ва шимӣ ва адабиёт дар мактаб биомӯзанд ва зудбовар дар баробари ҳар он чи аз забони худо ва аз сӯи муллоҳо ва мазҳабиҳои маҳаллӣ баён мешавад, нашаванд.
Аз сӯи дигар чаро ҷавононро аз баргузории барномаҳои ҷавонписанд маҳрум мекунанд ва касе интиқод намекунад? Шояд ҷавонон ба ин ҷиноёт даст мезананд, ки эътирози худро дар баробари мамнуъ шудани шаби охир, ё шабнишинии охири мактаб, ё видоъи ҳамсинфон баён кунанд.
Иҷоди фосилаи ҷавонон аз ҳамдигар онҳоро дар баробари насли болотар ҳарфгӯшкуни бидуни ҳаққи фикр ва зудбовар дар баробари ҳар чи бузургтар гуфта, мекунад ва онҳо қудрати пурсиш ва шак карданро аз даст медиҳанд.
Шак ва пурсиш буда ки башар мутаҳаввил шуда ва агар ин сифатро аз даст диҳад, пешрафтро низ аз даст хоҳад дод ва пайрави сархаму бесадое хоҳад шуд. Онгуна ки бархе аз ҷавонони Осиёи Миёна дар тасмимҳои худ буруз доданд, ки аз рӯи ҷаҳл ва нафаҳмӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳӣ кардаанд ва вақте пушаймон шудаанд, ки дар маркази доғи ҷинояткорони ба исми худо ва дар марзҳои Ироқ ва Сурия қарор доштанд.
Надоштани расонаҳои озод ва хабаррасонии яктарафа натиҷаи ин камиттилоъотии мардум дар ин кишварҳои навпо шудааст, ки аз дин ва мазҳаб фаҳму боварҳои хаёлӣ ва бидуни омузиш доранд ва барои пеш бурдани ҳарфи худро исми Қурон ва мазҳабро пеш мекаршанд, бидуни ин ки аз он металеъ бошанд.
Бастани роҳҳои омузиши мазбаҳӣ дар дохили кишвар, қудрат ва эътироми аз ҳад зиёд ба мазҳабиён ва муллоҳо додааст, ки на ҳамеша аз ин мавқеъият истифодаи мусбат ва созанда мешавад.
Ҷавононро маҳдуд ба бор овардан ва ба ҷаҳони саршор аз ноошно равон кардан ишколи аслии давлатҳои Осиёи Миёна аст.



