Иброҳими Меҳтарӣ, аккос ва хабарнигори сокини Фаронса, пас аз баргузории намоишгоҳи акси «Хок ва чеҳраи Афғонистон» дар Порис ба дунболи барпоии ин намоишгоҳ дар шаҳрҳои дигар аст.
Ӯ талош мекунад бори дигар ин намоишгоҳро дар шаҳрҳое, ки мизбони паноҳандаҳо, бавижа паноҳандаҳои афғон, ҳастанд, баргузор кунад. Ин аксҳо тайи се сол, аз 2015 то 2018, дар нуқоти мухталифи Афғонистон гирифта шудаанд. Дар ин намоишгоҳ 60 акс аз фарҳанг, табиъат ва мардуми Афғонистон ба намоиш гузошта шудааст.
Иброҳими Меҳтарӣ кӯшиш кардааст тасвире ба дур аз он чи маъмулан расонаҳо аз Афғонистон бозтоб медиҳанд, нишон диҳад. Дар аксҳои ӯ зиндагӣ ба дур аз ҷанг, терур ва хушунат ҷараён дорад. Ин аккос барнома дорад дар дигар шаҳрҳои Урупо низ намоишгоҳиакси худро баргузор кунад ва барои гирдоварии ҳахинаи он аз тарафдони аксҳои худ дархост дорад ки аз тариқи ин сойт ба ӯ ёрии моддӣ расонанд.
Иброҳими Меҳтарӣ меҳмони Замона аст ва дар бораи таҷрубиёташ дар Афғонистон бо ӯ гуфтугӯе анҷом шудааст. Ӯ мегӯяд дар Афғонистон монанди Эрон мардум зиндагии чандваҷҳӣ доранд.
Ин гуфтугӯро бишнавед:



