Маънои Эрон
Агар аз устод Фурӯзонфар мепурсидед таърифтон аз Эрон чист, мегуфт ирфон, Мавлоно. Устод Хонларӣ мегуфт забон, Ҳофиз. Устод Шафеъии Кадканӣ мегуфт Нишопур,Аттор. Ҳумоюни Санъатизода мегуфт китоб, гули сурх. Ҳар касе бино ба хидмате, ки ба фарҳанги Эрон карда, Эронро аз он манзар мешиносад. Дӯсти гумшудаи ман Аббоси Ҷаъфарӣ, ки кӯҳнаварде ошиқи Эрон буд, Эронро дар ду чиз медид: мардуми кӯҳпоя ва суфраи босафои ҳамин мардум. Барои ман, ки бештар нозири савонеҳиайёму аҳволи Эрон будаам, Эрон ҳар ҷоест, ки Наврӯз ҳаст. Забони форсӣ ҳаст. Шеъри Ҳофизу Саъдӣ ва Фирдавсию Мавлавӣ ҳаст. Ҳар ҷое ки мардумони Эрон ҳастанд. Ҳар ҷо ки мардумоне ҳастанд, ки ба Эрон ишқ меварзанд ва Эронро валав дар қоби як акс, як минётур, як хаттотӣ, як хотамкорӣ ҳифз кардаанд. Созе мезананд, ки эронӣ аст. Аз эронӣ будани ғизое, ки мехӯранд,бохабаранд ва аз он лаззат мебаранд. Эрон то ҳар ҷоест, ки касе ҳаст, ки дилаш барои ободии Эрон битапад ва дар шодии эрониён худро шарик бидонад. Ман муҳоҷирам. Қиблаам Эрон аст. Муҳоҷире, ки наметавонад ба зиёратиқиблааш биравад, гарчи ҳар ҷо ҳаст, ба сӯи Эрон рӯй мекунад. Эрони ман дар ҳамаи ақолим густардааст. Ватани ман то ҷоест, ки касе Эрон ва эрониро мешиносад ва сулҳро барои Эрон мехоҳад. Ҳар каси дигаре анерон аст!
Эрон ва орзуҳои эронӣ
Эроне, ки ман мехоҳам, кишварест, ки дар Теҳрон хулоса нашавад. Дар шаҳрҳои бузургаш хулоса нашавад. Дуртарин ҷои кишвар ба андозаи марказ обод бошад ва имконот дошта бошад. Ҳар касе дар ҳар ҷое ки ҳаст, аз забону лаҳҷа ва ойину зиндагии худ ифтихор дошта бошад ва худро дар баробари ҳеҷ каси дигаре кӯчактар наёбад. Кишваре, ки дар он касе таҳқир нашавад ва қонуну давлат пуштибони ӯ бошад. Кишваре, ки дигар мардумонро низ таҳқир накунад. Табъиз ғайриқонунӣбошад, ғайриахлоқӣ бошад.
Кишваре, ки ройзанҳои фарҳангияш дар дигар кишварҳо фарҳехтагони хушном ва имтиҳон-пас-дода бошанд. Бо ҳеҷ ҳамсояе дар ҷангу кашмакаш набошад. Марзҳояш ба рӯи ҷаҳонгардон аз ҳамаи ҷаҳон боз бошад. Иқтисодаш бо тамоми ҷаҳон пайванд дошта бошад. Бишавад заъфарониэрониро ба номи Эрон арза кард. Бишавад қолии Эронро зери пои ҳамаи аҳли ҳунар дар ҷаҳон дид. Ҳукуматаш намояндаи миллат бошад. Тамоми миллат. Раҳбаримодомулъумр надошта бошад. Ҳар иёлату устон ва фармондорию бахшдорияш ба дасти муътамадтарин афроди ҳамон минтақа ва маҳал идора шавад. Байнидавлати марказӣ ва марокизи иёлот эътимод ва ҳуснитафоҳум барқарор бошад. Зану мард ва мазҳабиюғайрмазҳабӣ ва мусалмону ғайрмусалмон дар қазоватусиёсату мудирият ва таълиму тарбият роҳи иртиқояшон боз бошад.
Кишваре, ки телевизиюнаш тамошоӣ бошад ва «Тамошо» маҷаллааш! Кишваре, ки синемояш ба табиъати ҷомеъааш ва равобити одамҳо наздик бошад. Матбӯъоташ дурӯғ нагӯянд ва фиреб надиҳанд. Ниёзе ба фиреб надошта бошанд. Барои ободии ватан бикӯшанд, на барои исботиҳарфи ҳизбу ҷиноҳи худ. Гуфтугӯро таблиғ кунанд. Тақлид накунанд. Халлоқ бошанд ва ахлоқ дошта бошанд! Кишваре, ки Мақсуди Фаросатхоҳаш вақте китобе дар бораи эрониён менависад, шарҳи хулқу хӯи некӯи мардумонаш бошад, на шарҳи бадахлоқиҳое, ки камобеш дар мардумони ҳама ҷои ҷаҳон дида мешавад. Бадахлоқӣ ҳам агар ҳаст, матн набошад. Матн ҳамон ахлоқи мардумдоронаи эронӣ бошад.
Кишваре боз ба рӯи ҷаҳон, хештандор, буландпарвоз, оқибатандеш, ҳамвор ва хушрӯ барои хидмат, ноҳамвор ва сахтрӯ бар ғорату хиёнат. Кишваре, ки ҳадди худро мешиносад, аммо марзҳои вуҷуди худ ва ҳудуди донишихудро мудом тавсеъа мебахшад. Беҳтарин мадрасаҳоро дорад; мудиронаш Турони Мирҳодиҳо ҳастанд. Беҳтарин донишгоҳҳоро дорад; мудиронаш Алиакбари Сиёсиҳо ҳастанд. Беҳтарин расонаҳоро дорад; мудиронаш Ризо Қутбиҳо ҳастанд.
Эроне, ки орзӯи ман аст, на бо Ғарб меситезад, на маръубу муқаллиди бечуну чирои Ғарб аст. Эронест, ки касе дар он худро камтар аз ғарбӣ намешуморад ва таъйиди ӯро намеҷӯяд ва ба ғарбзадагии ниҳону ошкор дучор нест. Эронест, ки дар он камтар касе мудофеъиравишҳои матруду матруки қуруни мозӣ аст. Хирадмандӣҳоким аст ва оҳистагӣ ва он эҳтиёткорию муроқибат ва бигӯ муҳофизакории андешидаи эронӣ. Эрониён хеле зуд мутаваҷҷеҳ шуданд, ки роҳе, ки инқилобашон дорад меравад, роҳи онон нест. Онон нахоста буданд бо хештан ва ҷаҳон ба ситез бархезанд. Вале раҳбарони инқилоб кина доштанд, нафрат доштанд. Инқилобигариро дар ҳазфу ғалаба ва лаҷоҷат ва масалан қотеъият хулоса карда буданд. Айбҷӯ буданд ва муқассир меҷустанд. Назартанг буданд ва худро ақли кул мепиндоштанд. Ночор ҳамаро ронданду гурезонданд ва касе намонд, то сели вайронгар омаду моро бурд. Ҳарчи имрӯз мекашем, аз хӯи хомумутаъассиб ва муддаъии раҳбарони худ мекашем ва худамон, ки пайрави онон будем ва мондем ё сукут кардем, вақте дигар пайравашон набудем.
Эрони матлуби ман Эронест, ки дар он рӯшанфикрон раҳбарони ҷомеъа бошанд, валав либоси рӯҳонӣ дошта бошанд. Эроне, ки рӯшанфикрӣ дар он барчасб набошад,балки нишони таъолии фардӣ бошад. Рафтори некӯ бошад ва муҳаззаб (беъайб) ва гуфтори некӯ ва покиза ва пиндори муттакӣ ба дониши навин ва суннати қадим; холӣ аз уқдаву адову фиреб. Эроне, ки дар он ҷомеъа бо ҳидояти ин равшанзамирон ва бинишварон пазирои танаввуъи оро бошад. Фошисм ва авбошигарӣ, пупулисм ва мардумфиребӣ, ва кунфурмисм ё муттаҳидушшаклсозӣ ва яксонсозии афкор ва таҳмили сабки зиндагӣ дар он роҳ надошта бошад. Мисли кошикориҳои масҷиди Шоҳ ва Шайх Лутфуллоҳ бошад. Анвоъи рангҳо ва тарҳҳоро бипазирад ва канори ҳам биншонад. Мисли мусиқии Эрон бошад. Талфиқе аз ҳазорон овои атиқ ва навкору навшаванда.
Агар фақат як асл дар қонуни асосии феълӣ бихоҳад тағйир кунад, асли давлатӣ будани ҳамаи тиҷоратҳои умда ва бузург аст.
Эрони матлуби ман Эронест, ки хиради ҷамъӣ бар он ҳоким бошад ва роҳу равиши устуворе барои анбошти хирадҳо бар якдигар дошта бошад. Ҳеҷ хиради худкомае, ки аз масири гуфтугӯи умумӣ ва гурӯҳӣ ва мардумӣ шакл нагирифта, муътабар шумурда нашавад. Бино бар ин, ончиро ҳам нависандагоне чун ман инҷо ё ҳар ҷои дигар менависанд, сирфан заминае барои як баҳси гурӯҳӣ бидонанд ва даъват барои ҳамфикрӣ.
Ҷомеъа аз они ҳамагон аст ва ҳамагон бояд дар идораи он ба андозаи дониш ва таҷрубаи худ мушорикат дошта бошанд. Ҳаққи инҳисорӣ барои ҳукумат ва пайравӣ вуҷуд надорад. Дар арсаи умумӣ ҳама чиз машрут аст ба касби ризояти умумӣ ва ҳимояти умум. Умум ҳам тӯдаҳои роҳпаймоӣ дар хиёбон нестанд. Дар масирҳои тасмимсозӣ аст, ки бояд бошанд. Кори мардумон сирфан таъйиди раҳбарон бо аҳсанту такбиру кафкӯбӣ нест. Сохтани бевақфаи раҳбарон ва густаришу таъмими раҳбарӣ ба ҳамаи касонест, ки шоистаи онанд ва эътимоду ризояти мардумро ба ҳамроҳ доранд.
Аз кудом роҳ биравем?
Аз роҳҳои бунбаст наравем! Аз роҳҳои озмудашуда ва баста сарфи назар кунем. Торихи ранҷҳомонро фаромӯш накунем. Онро такрор накунем. Роҳбалад шавем. Ба роҳбаладҳо эътимод ва иттико кунем! Таҷрубаи торихии мо сарвати бумии мост. Агар нахоҳем таҷрубаҳои талху нокомро такрор кунем, бояд бозандешӣ кунем. Бояд адабро аз беадабон биёмӯзем ва кори хубро аз ончи нохуб анҷом додаему додаанд, дарёбем. Ва барои расидан ба мақсади олӣ гомҳои кӯчаку устувор бардорем.
Беш аз 100 сол аст ҷомеъаи мо инқилобӣ аст. Дар табу тоб будааст. Се бор низоми сиёсии худро аз бун тағйир додааст. Дар низоми севум ду бор дастикам ҳаракатҳои бузурги иҷтимоъии Ислоҳот ва Ҷунбиши сабзро таҷруба кардааст. Инҳо таҷрубаҳои бузургест бо дастовардҳо ва шинохтҳо ва шикастҳои бузург. Агар замин нахурем, агар Эрон ба хушксолӣ ва дурӯғ ё селу зилзила ва ҷанг намирад, қавитар бармехезем. Яке аз пуртакопутарин ҷавомеъи минтақаи худ ҳастем. Бо занони пешгом. Бо ҳунармандони ҷасур. Бо рӯшанфикрони Эрондӯст. Ва бо арзишҳое, ки зерпӯсти ҷомеъа тағйир кардааст. Бештар дилгармкунанда ва гоҳе хатарнок. Берун аз Эрон милюнҳо ҳамватани мо муҳоҷир шудаанд, таҷруба кардаанд, омӯхтаанд, сармоя андӯхтаанд, ҷаҳонро шинохтаанд. Эрониёне, ки дар ватан мезиянд ва эрониёни беруншуда аз ватан сарвати бузурге ҳастанд. Инҳо сармояи мост дар канори таҷрубаҳои ҳама талхе, ки доштаем ва буҳронҳое, ки аз сар гузарондаем. Ҳар мардуме аз торихи худ меомӯзад.
Ҳафт омӯхтаи бузурги торихӣ
Мутолеъаи вазъи давлат ва миллат дар Эрони аҳди вилоят ва Эрони давраи шоҳ ҳафт нуқтаи буҳрониро нишон медиҳад. Шояд ҳам бигӯед ҳафтод аст ва бештар. Аммо агар авлавият бидиҳем, ман ин ҳафт буҳрони музминро аз ҳама муҳиммтар мебинам:
1. Давлати бузург. Бозаргони давлатӣ. Барои ҳар гоми мусбати отӣ (оянда) бояд давлатро кӯчак кард ва бозаргониро аз дасти он гирифт! Фарҳанги ширкатиютаъовунӣ ва ибтикорҳои ғайридавлатиро тақвият кард. Иқтисоди минтақаиро густариш дод. Иқтисоди марзиро ба расмият шинохт. Ба вилоёт ва устонҳо ва манотиқи дур аз марказ қудрати тасмимгирӣ бахшид, то истеъдодҳои маҳаллиро бишносанду шукуфо кунанд ва дар хидмати рушди маҳаллӣ ва миллӣ дароваранд. Агар фақат як асл дар қонуни асосии феълӣ бихоҳад тағйир кунад, аслидавлатӣ будани ҳамаи тиҷоратҳои умда ва бузург аст. Иқтисод бояд миллӣ ва аз он миллат бошад. Соҳибкори аслӣ миллат аст. Ҳамеша ва ҳама ҷо.
2. Ронтхорӣ ва табъизи молӣ. Ронт балои тасаллути давлат аст бар миллат. Идомаи чизест, ки дар торихи муъосир ба унвони «имтиёзи» давлат ба муқаррабон ва афроди бонуфуз шинохта мешудааст. Мунтаҳо бо вазъи нафту арз ин падидаи фасод парвар сурати вахиме пайдо кардааст ва ба табъиз доман зада ва олигоршии ҳокимро бар ҳама чиз мусаллат сохта ва таҳримҳои чанд даҳсола ҳам кумак карда, ки ба фасоди домангустаре бирасем, ки ҳама ҷоро олуда кардааст. Ронт бояд ҳазф шавад. Нархҳо мутаъодил шавад. Дасти касону нокасон аз хазонаи кишвар кӯтоҳ шавад ва ҳар имтиёзе на ба сабаби наздикӣба қудрат, ки ба далели тавоноӣ дар тавлид ва хадамоти бартар ироа шавад.
3. Худкомагӣ ва чокарпарварӣ ва шабакаи дастнишондагон. Хотироти Аламро, ки мехонӣ, яке аз вижагиҳои мукаррари забону баён ва доварии шоҳро таҳқири дигарон, ҳатто вузаро ва мақомоти давлат мебинӣ. Ӯ амалан ҳеҷ касро қабул надорад. Ин раҳбари худкома аст. Хотироти худамонро ҳам, ки мурур мекунем, мебинем Хоминаӣ, ки бахши аъзами солҳои инқилобро раҳбарӣ карда, ба ҳеҷ касе, ҳатто раиси ҷумҳураш, эътимод ва эътино надорад ва дар ҳар кори кӯчаке мудохила мекунад, аммо масъулият намепазирад ва ҳамеша хатоҳо аз дигарон аст. Аз чокарону тадорукотчиҳо ва намояндагони давлат ва масъулони кишварӣ. Ва албатта ҳар қадр ба раҳбар наздиктар, аз хато ва бозхост дуртар! Ин раҳбарии ақли куллро бояд дафн кард ва бо шабакаи азнобаш (атрофиёнаш) ба торих сипурд. Бояд раҳбарони тозае тарбият кард, ки ақли худро болотар аз ҳама набинанд. Ақл бисозанд. Таҷрубаро аз они ҳамагон бидонанд. Бояд роҳро барои раҳбарии ҷамъӣ ҳамвор кард.
Рӯзноманигоре, ки ҳофизи манофеъи мардум аст, аҳли ҳеҷ ҳизбу гурӯҳе нест, балки нозири ҳизбу гурӯҳ аст. Ҳофизи эътидол дар равишҳост. Ҳофизи арзишҳои мутаъолии ҷомеъа аст. Бо ифротигарӣ муқобала мекунад.
4. Таҷмиъ (ҷамъсозӣ ё тамаркуз)-и қудрат ва мутлақсозии қудрат. Яке аз роҳҳои муқобала бо худкомагӣ ва тақвияти раҳбарии ҷамъӣ муқобала бо таҷмиъи қудрат аст ва муассиртарин роҳи муқобала тавзеъ (тақсим)-и қудрат аст ва назорати бетаъоруф бар қудрат ва бунёд кардани сохторҳои муносиб бо чунин ҳадафе. Фарз кунем дар ҳамин низоми ноқис ва мутлақаи феълӣ бихоҳем чанд ислоҳи асосӣ анҷом диҳем. Яке аз онҳо ба ҳам задани таркиби якдасти Шӯрои Нигаҳбон хоҳад буд, ки ба истибдоди ин шӯро анҷомида. Чунин шӯрое заруратан бояд намояндагӣ аз афкору орои мухталиф ва пуртарафдор дошта бошад. Ҳуқуқдонҳоро метавонанд маҷмаъе аз ҳуқуқдонҳои кишвар ва фуқаҳоро маҷмаъе аз бузургони ҳавза ва ниҳодҳои ғайридавлатии ҳавза интихоб кунанд. Вобастани ин ҳама ба иродаи раҳбари кишвар ҳамвор кардани роҳ барои лағзиши қудрат аст. Аслро дар ҳама ҷо бояд бар интихоб гузошт ва ниҳодҳои маданӣ ва устонӣ ва минтақаиро дар интихобҳои гуногун тақвият кард, то соҳибмансабон намояндаи мардум бошанд, на намояндаи раҳбар(он). Раҳбарии сиёсӣ мавқеъиятест, ки бояд аз ҳама тараф назорат шавад. Додани қудрати мутлақа таҳти ҳар унвонеба ҳар касе мӯҷиби фасод аст. Назорати умумиро бояд тақвият кард. Мардум ва ҷомеъаи маданиро бояд қудратманд кард. Қудрат дар ҳар сатҳе бояд посухгӯ бошад. Қудрати мутлақ аз мутлақи мардум аст.
5. Расона ҳамчун бӯқ ва прупогондо. Пояҳои қудратманди ҷомеъа ва посухталабӣ аз мақомот ва назорат бар қудрати онҳо расонаҳои мустақилланд. Рӯзноманигор ва расонапардозе, ки нақши равобити умумии давлат ва қудратро бозӣ кунад, аз вазифаи худ мунҳариф шудааст. Рӯзнома ва расонаро бояд ниҳодҳои мардумӣ таъсис кунанд ва ҳофизи манофеъи умумӣ бошанд. Рӯзноманигор аввал аз ҳама нозири қудрат аст. Рӯзноманигоре, ки ҳофизи манофеъи мардум аст, аҳли ҳеҷ ҳизбу гурӯҳе нест. Балки нозири ҳизбу гурӯҳ аст. Ҳофизи эътидол дар равишҳост. Ҳофизи арзишҳои мутаъолии ҷомеъа аст. Бо ифротигарӣ муқобала мекунад. Хосса ифроти аҳли қудрат ва соҳибмансабон. Рӯзноманигор муроқиб аст касе аз ҳаққи мардум ва ҳуқуқи мардум ва доираи ихтиёротимардум кам накунад. Ӯ гузоришгари мунсифи ҳаводисувақоеъ ва далоили онҳост. Мизонулҳарора (дамосанҷ)-иризояти мардум аст. Пизишки ҷомеъа аст, ки набзи онро бояд дуруст бишносад ва дар даст дошта бошад ва бар асоси он бар қудрат назорат кунад. Рӯзноманигор намояндаи умум ва намояндаи хайри умумӣ ва забониомма аст. Вазифаи дигаре надорад. Ба чизе ғайр аз он набояд таъаҳҳуд дошта бошад.
6. Бедодгустарӣ. Як ниҳоди дигар, ки таҷрубаи дардноке дар ин чиҳилсола бо он доштаем, қувваи қазоия аст. Қуввае, ки батадриҷ ба як ниҳоди амниятии бо доғу дирафш табдил шуда, аз кори адолат ва назорати худ фарсангҳо дур монда ва қуззоти хирадманд дар он ба ҳошия ронда шуда ё аз дастгоҳи бедод хориҷ шудаанд. Барои ислоҳи қувваи қазоия нахуст бояд тағйире асосӣ дар низоми муҷозот ва ҷойгоҳи зиндон эҷод кард ва шаъни қозиро ба ӯ баргардонд. Тағйири ҳазорон сафҳа қонуни мудавван осон нест. Аммо тағйири равиши доварӣ ва низоми зиндон зарурист, то батадриҷ қавонини тоза навишта ва пешниҳод ва тасвиб шаванд. Бидуни қазоват ва адолати қазоӣ ҷомеъа ба эътимоду ҳамбастагӣ ва рушди фардӣ ва иқтисодӣ намерасад.
7. Заволи эътимоди умумӣ ва манофеъи миллӣ. Аз ҳар роҳ меравем, бояд қутбнамои мо эътимоди умумӣ бошад ва манофеъи миллии Эрон. Агар қудратҳои дигар дар Эрон ва низоми сиёсияш дахолат кунанд, эътимоде боқӣнамемонад. Манофеъи миллӣ ҳам дар зайли манофеъи қудратҳои ҷаҳонӣ нодида хоҳад монд. Бояд бозигари худ ва муттакӣ ба хиради ҷамъии худ бошем, на қудратҳои хориҷӣ. Эронро мустаъмара набинем ва нахоҳем. Умрон ва ободӣ хубу мустаҳсан аст, аммо тан додан ба ҳар сиёсате, ки моро дунболаи сиёсати ҷое дигар ва қудратедигар бисозад, аз асли ободии пойдор дур аст. Сарнавишти шоҳро бибинем. В-онгаҳе, асли ободӣ, аслинавсозӣ ва навгароӣ «нозир ба ботини умур» аст. Зоҳирсозиро чанд насл асл гирифтем ва дарвоқеъ ориякардем, бенатиҷа монд. Ончиро ҳам наслҳои бо аслунасаб сохта буданд, сӯхтем. Нигоҳ кунед ба касоне, ки донишгоҳро ба мерос бурдаанд. Нигоҳ кунед ба сарнавишти Бунёди фарҳанги Эрони Хонларӣ. Нигоҳ кунед ба ҳатто Маркази нашри донишгоҳӣ, ки аз куҷо ба куҷо расид ва чигуна нузул кард. Ва ё ошкортар аз ҳама родию ва телевизиюни миллӣ ва рӯзномаҳои бузургупешрав, мисли Кайҳон.
Ва ниҳоятан агар бихоҳем бар ин ҳафт буҳрон як нукта аз ахлоқи мудириятамон бияфзоем, ки буҳрони моро амиқтар карда, меарзад бар ин нукта тааммул кунем:
Бидуни қазоват ва адолати қазоӣ ҷомеъа ба эътимод ва ҳамбастагӣ ва рушди фардӣ ва иқтисодӣ намерасад.
Таъхир дар тағйир ва таъҷил дар тасмим. Ин масъала мавзӯъи баҳсҳо ва ҷусторҳои бисёр тавонад буд, ки чиро ба ду хислати дардисарсоз гирифторем: аз як сӯ,шитобзада тағйир мекунем ё мехоҳем зуду тунду сареъ тағйир бидиҳем ва хислати умдаи тасмимгириҳои мо тундӣ ва тезӣ ва умеди бисёр ва коршиносии андак аст. Аз сӯи дигар, вақте ишколе дар корҳо уфтода ва ба раъйулъайн (пеши чашм) ҳам дида мешавад, бисёр бо таъхир онро вориди дастури кор мекунем ва бакундӣ тан ба мутолеъа ва коршиносияш медиҳем ва ниҳоятан дер иқдом мекунем. Чизе наздик ба дақиқаи навад ё ҳатто баъд аз навад, чунонки дар ҷараёни сели ахир дидемумебинем. Дарвоқеъ, сел намунаи хубе аз ҳарду сӯи тасмимгирии мост: шитобзадагӣ ва коршиносӣ накарданисадду селбанд ва масил (селгузар) ва сохтусоз дар бистаруканораи рӯдхона, ва аз сӯи дигар, таъхир дар пешгирӣ аз сел ва таҳияи селбанд ва истиқрори созмонҳои кумак ва ҳушдори маҳаллӣ ва эъмоли ҷиддии қонун барои ҳифзиҳарими рӯдхонаҳо ва иҷбори бимаҳои мухталиф ва монанди он.
Ҳама чиз аз тағйири нуфус оғоз мешавад
Неруи муносиб барои идораи ҳамаи ин тағйирот аз куҷо меояд? Аз такя бар афроде, ки пешопеш ин омодагиро дар худ эҷод кардаанд. Кор ҳамеша бо такя бар омодатаринҳо пеш меравад. Барои боқӣ бояд ба тарбият ҳиммат гумошт. Тарбияте беинқитоъ (пайваста) ва доимӣ. Мисли рӯдхонае, ки бояд ҳамеша ҷорӣ бошад, вагарна ташналаб мегузорадамон.
Дарвоқеъ, аз ин манзар ҳама чиз аз тағйир ва таъолии фард оғоз мешавад ва аз ба ҳам пайвастани афрод дар гурӯҳҳои кӯчаки ҳамфикр, дар гурӯҳҳои маҳаллаӣ ва маданӣ. Қатра-қатра ҷамъ гардад, вонгаҳе дарё шавад. Чунонки то имрӯз ҳам чунин будааст. Ҳатто таҳаввулоти баъд аз инқилоб ҳам ҳамин тур шурӯъ шуда ва тадовум ёфта ва доман гирифта ва ба вижагии ҷомеъа табдил шудааст. Ба ҷунбиши занон бингарем. Ба ҷунбиши ҳифзи муҳити зист бингарем; ба ҷонҳои озодае, ки зиндагӣ ва умру оромиши худро бар сари ҳадафи мадании худ гузоштанд.
Як чиз, ки пешиниёни мо нек медонистанд ва насли рӯшанфикрони давраи Машрута ва Ризошоҳ ба он олӣ амал мекарданд, пушт ба пушт додан ва интиқоли ормонҳо ва корномаҳо аз насле ба насли дигар буд. Корҳои мо барои Эрони фардо он қадр зиёд аст, ки дар ҳадди кор ва корномаи як насл нест. Бояд биёмӯзем, ки пушт ба пушт кор кунем.
Дигарон коштанд ва мо хӯрдем.
Мо бикорем ва дигарон бихӯранд.
Фардият ба маънои роиҷ дар Эрон аз самми афъӣ бадтар аст. Бояд дар гурӯҳ кор кард. Бояд ҳамдилӣ сохт ва ҳамдилонро гирд овард ва бо азми кор барои ду се насл кор кард. Бояд корҳоро тадовум дод. Аз кори абтар дилзада буд. Кори пойдорро таҳсин кард. Ҳар чиро таҳсин кардем, хоҳем сохт. Ин суннати торих ва ҷомеъа аст. Ва ин дар уҳдаи таълиму тарбият аст. Бояд кори муъаллимиро ба муъаллимони муштоқ супурд ва шаъни муъаллимиро ҳифз кард. «Дар ҳақиқат, иртифоъи мақом ва тараққии ҳар нафсе (фарде)манут (вобаста) ба таълиму тарбият аст.» Шавқи омӯхтан ҳатто аз вазъи иқтисодӣ муҳиммтар аст. Шавқ, ки бошад, фақру тангдастиро пушти сар мегузорад. Одами доно фақир намемонад. Одами нодон, сарват ҳам дошт ё ёфт,ба ҳарза месӯзонад. Вазъи мо ва нафтро бингаред.
Чиҳил сол аст дар тия (биёбон)-и бало гирифторем. Вақти он аст, ки қадаме пеши рӯ бигзорем ва аз ин биёбони беобу алаф дароем. Бояд гузаштаро хуб бишносем. Муроқиб бошем дигар ҳаргиз касе ба хотири ақидааш дар ватани мо уқубат набинад. Арзишҳоро дубора гирди каъбаи ватан барқарор кунем. Ҳар кас хидмат мекунад ба ватан ва мардуми ватан ва мардум ба ӯ эътимод доранд,тоҷи сари мо бошад, аз ҳар ақида ва марому қавм, ки ҳаст. Дину ойинро бигузорем ба уҳдаи мардум ва ҳамзистиро асл бигирем. Вилояти чиҳилсола моро мутафарриқ кард, фиръавнвор ба истихфофу таҳқири мо пардохт, ба душманиҳои пуч бо якдигар барангехт ва ҳамбастагиро ба орзу табдил кард. Баргардем онро дубора асл қарор диҳем; ҳамбастагӣ ва риъоят ва ҳамзистиро аслиарзишҳои миллӣ бишносем.
Ҳама чиз аз тағйири нуфус (аҳолӣ) оғоз мешавад. Аллоҳа ло юғаййиру мо биқавмин ҳатто юғаййируво мо бианфусиҳим, яъне “худованд то замоне, ки мардум худашонро тағйир надиҳанд, вазъашонро тағйир нахоҳад дод”. Чиҳил сол саргардонӣ кашидем. Имрӯз дубора бояд роҳ биҷӯему буруншавӣ пайдо кунем ва аз ин саргардонӣ ба ёрии шамъе ва фонусе ва «оташи Туре» бароем. Ҳар касе моро роҳнамо нахоҳад буд. Танҳо касоне метавонанд роҳбару роҳнамо ва пешгоми мо бошанд, ки ба меҳри Эрон гарм бошанд. Оташе дар дил дошта бошанд, ки хомӯшӣ напазирад. Санъат накунанд ва ба садоқат роҳ бипӯянд. Роҳшинос бошанд. Ва аз шиносандагони роҳҳо кумак бигиранд.
(Ин мақола барои аввалин бор дар сойти “Осу” мунташир шудааст.)



