Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Ҳамоиши «Замона»: Кунсерт ва намоиши филме дар бораи «Ҳаққи зиндагӣ» Омстердом, ҷумъаи 9-уми нувомбр

golshan by golshan
19 February 2019
in Uncategorized

Ҳамоиши Замона бо истиқболи гарме мувоҷеҳ шуд, чи аз сӯи эрониён ва чи аз сӯи дӯстони ҳуландӣ. Меҳмононе ҳам аз кишварҳои дигар барои ширкат дар ин ҳамоиш ба Омстердом омада буданд.

Ҳамоиш бо хушомадгӯии ҳамкори Замона, Лайлӣ Некӯназар, ба ҳозирон оғоз шуд. Пас аз он гурӯҳи мусиқии талфиқии «Овоим» ба рӯи саҳна омад. Нигиро (хонанда) ва Лукос Бун (гиторист) қитъаеро ба испониёӣ, олмонӣ ва форсӣ арза карданд. Онҳо дар ибтидо фаро хонданд дар ҳамроҳӣ бо мусиқӣ ва шеър ба ҳаракати миёни фарҳангҳо ва забонҳои мухталиф ва сипас ба иҷрои осорашон пардохтанд.

Гурӯҳи мусиқии талфиқии «Овоим»

Дар идома хонум Ринеке Фон Сонтен, мудири иҷроии бунёди расонаии «Замона», суханронии кӯтоҳе эрод кард. Ӯ гуфт, ки мавзӯъи ҳамоиш барои яке аз пружеҳои расонаи Замона интихоб шудааст: пружеи ҳаққи зиндагӣ. Ӯ дар ин робита ба густардагии эъмоли муҷозоти эъдом дар Эрон пас аз истиқрори ҳукумати исломӣ пардохт ва дар ин маврид ба таҷрибаҳое зинда ишора кард, аз ҷумла таҷрибае, ки ҳамкорони Замона бо зиндони сиёсӣ доштаанд.

Ринеке Фон Сонтен, мудири иҷроии бунёди расонаии Замона

 Хонум Фон Сонтен дар идома Бунёди расонаии Замонаро муъаррифӣ кард ва гуфт, ки таъаҳҳуди ин бунёд ба истиқлол ва иттилоърасонии озод ва интиқодӣ аст. Мудири иҷроии Замона дар поён аз ҳимояте, ки аз пружеи «Ҳаққи зиндагӣ» бо хариди билет ва ҳузур дар ин барнома шудааст, ташаккур кард.

Пас аз он филми «Соъат панҷи субҳ буд» асари Мустафо Ҳиравӣ намоиш дода шуд. Мавзӯъи филм ҳаққи зиндагӣ аст, алайҳи муҷозоти эъдом аст. Як чорпоя ва як қитъа таноб: ду шайъе, ки метавонанд бо ҳамдигар намоди саҳнаи эъдом қарор гиранд. Бо ин ду шайъ чи метавон кард, ки ба ҷои марг зиндагиро дар назар оваранд?

Филм афроди мухталиферо дар баробари ин пурсиш қарор медиҳад. Фотима Ихтисорӣ, шоъир, нивисанда ва фаъоли ҳуқуқи занон, Моно Найистонӣ, кортунист, Афшини Ноғунӣ, наққош, Шоҳини Наҷафӣ, хонанда ва оҳангсоз, Шабнами Тулӯъӣ, бозигар ва намоишноманивис, Ҳабиби Мифтоҳи Бушеҳрӣ, навозанда, Момаки Ҳодим, навозанда ва хонанда, Ҳомиди Некпай, хонанда ва оҳангсоз, Комбизи Ҳусейнӣ, бозигар, нивисанда ва муҷрӣ, Шоҳрухи
Мушкинқалам, рақсанда, ва саранҷом Гавҳари Ишқӣ, яке аз нумодҳои барҷастаи истодагӣ дар баробари ситам дар Эрон, ҳар як ба навъе ба ин пурсиш посух медиҳанд.

Лайлӣ Некӯназар, Мустафо Ҳиравӣ

Пас аз намоиши филм коргардони филм, Мустафо Ҳиравӣ, барои як гуфтугӯ ба рӯи саҳна омад. Як нуктаи меҳварӣ дар робита бо пайванди эпизудҳои мухталифи филм буд. Коргардон тавзеҳ дод, ки нақшофаринон бар мабнои дид ва таҷрубаи ҳунарии худ ба
пурсиши филм посух додаанд. Меҳвар ривояти дифоъ аз ҳаққи зиндагӣ аст.

Ҳомиди Некпай ва Ҳабиби Мифтоҳ

Пас аз он навбати кунсерти Ҳомиди Некпай ва Ҳабиби Мифтоҳ фаро расид. Онон оғоз карданд бо «Соқӣ ба нури бода барафрӯз ҷоми мо» ва ба ҳамин сон ба барномаи пуршӯри худ поён доданд. Ин аввалин иҷрои Ҳомиди Некпай дар Урупо буд. Ӯ ва Ҳабиби
Мифтоҳ, навозандаи созҳои кубаӣ бо истиқболи бисёр гарме мувоҷеҳ шуданд.

Базудӣ видеуҳое аз ин ҳамоиш дар сойти Замона мунташир хоҳад шуд.

 

Tags: «Овоим»«Соқӣ ба нури бода барафрӯз ҷоми мо»«Соъат панҷи субҳ буд»Лайло НекӯназарЛукос БунМустафо ҲиравӣНа ба эъдомНигироРинеке Фон СонтенТрибуни ЗамонаҲабиби МифтоҳҲабиби Мифтоҳи БушеҳрӣҲамоиши «Замона»Ҳомиди НекпайШоҳрухи МушкинқаламЭрон

Related Posts

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд
Uncategorized

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд

19 March 2019
Uncategorized

Заҳро Ҳусайнӣ: барои мубориза бо озори ҷинсии занони варзишкори афғон пустҳои мудириятиро ба онҳо биспоред

19 February 2019
Uncategorized

Барои нахустин бор як зан ба муъовинати Вазорати дохилаи Афғонистон мансуб шуд

19 February 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо