Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Ҳушдори пажӯҳишгари қазоқистонӣ дар бораи паёмади ногувори нуфузи Чин дар Тоҷикистон

golshan by golshan
13 February 2019
in Economy, Ҷомеъа
Ҳушдори пажӯҳишгари қазоқистонӣ дар бораи паёмади ногувори нуфузи Чин дар Тоҷикистон

Чин сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро афзоиш дода ва ҳатто дар ҳоли сохти мадраса дар ин кишвар аст. Коргарон ва мутахассисони чинӣ низ равонаи Тоҷикистон шудаанд.

Як пажӯҳишгари масоили Осиёи Миёна аз Қазоқистон дар бораи паёмадҳои ногувори нуфузи Чин дар Тоҷикистон ҳушдор дод.

Мурод Лимулин, дар матлабе дар сомонаи маркази таҳлилии «Остона» менависад, ки Тоҷикистон дар ин авохир мавриди таваҷҷуҳи хосси на фақат Омрико, балки Чин қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, сармоягузории Чин дар ин кишвар рӯ ба афзоиш аст, шумори зиёде аз нерӯҳои кории чинӣ ба Тоҷикистон сарозер шудаанд ва мизони қарзи Тоҷикистон аз Чин рӯ ба афзоиш аст. Дар ҳамин замина бисёриҳо аз ҳамакнун дар бораи гирифтор шудани Тоҷикистон дар доми иқтисодӣ ҳушдор медиҳанд.

Мурод Лимулин бо баррасии нуфузи рӯзафзуни Чин дар Тоҷикистон менависад, ки ин вазъият истиқлоли Тоҷикистонро таҳдид мекунад.

Ба навиштаи ин таҳлилгари қазоқ, бидеҳии Тоҷикистон аз Чин ба сатҳи 1 милёрду 200 милюн дулор расида, ки ин мизон беш аз нисфи кулли қарзи хориҷии Тоҷикистон аст. Ба дунболи сармоягузорӣ, нерӯҳои кории чинӣ низ вориди Тоҷикистон шудаанд, чиро ки дар қарордодҳои байни ду кишвар ҳузури коргарон ва мутахассисони чинӣ дар Тоҷикистон қайд шуда, ки ин сиёсати ҳадафманди Чин аст.

Мақомоти тоҷик ду ҳазор ҳектор заминро дар шаҳристони Мурғоб ва устони Хатлон дар ихтиёри кишоварзони Чин қарор доданд. Дар идомаи ин раванд батозагӣ Тоҷикистон боз 500 ҳектор заминро ба муддати 49 сол ба Чин вогузор кард.

Чин аммо ба сохтусози мадраса дар Тоҷикистон низ машғул аст. Ба нақл аз родиюи Садои Хуросон, ширкати чинии «Повер Чойно» то соли 2020 дар Тоҷикистон се мадраса бунёд хоҳад кард.

Арзиши умумии ин тарҳ панҷ милёрду 300 милюн дулор эълом шудааст ва ин мадорис зарфияти пазириши беш аз ду ҳазор донишомӯзро хоҳанд дошт.

Нуриддини Саид, вазири омӯзишу парвариши Тоҷикистон, гуфт: «Бо ин ширкати чинӣ барои сохти се мадраса дар Бохтар, Леваканд ва Данғара қарордод имзо шуда ва феълан ширкати чинӣ дар пайи баррасии ин тарҳ аст.»

Русия низ бо Тоҷикистон барои сохти панҷ мадраса қарордод имзо кардааст.

Пешбинӣ мешавад ин мадорис то бузургдошти сисолагии Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ бирасанд. Мурод Лимулин ҳушдор медиҳад, ки Чин беш аз пеш дар ҷомеъаи Тоҷикистон нуфуз пайдо кардааст ва ин воқеъият метавонад суботи Тоҷикистон ва Осиёи Марказиро дучори халал кунад.

Tags: нуфузи иқтисодии Чиномӯзишу парваришТоҷикистонЧин

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо