
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки “куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди панҷсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдо Тиллозода, ки рӯзи 22 июли соли 2018 дар шаҳри Серпухово рух дод, боиси нигаронии шадид ва изтироб дар Тоҷикистон гардид.”
Дар баёнияи вазорат аз рӯзи 24-уми июл омадааст, ки мақомоти вазорат ба унвони вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт фиристода ва хостанд, ки “тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад.”
Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-уми июл дар назди хонаашон дар шаҳри Серпухово ғайб зад ва ҷасади ӯро субҳи рӯзи 23-уми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии ҳамон маҳал пайдо кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия , дар ҷасади кӯдаки 5-сола осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида мешавад.
Вазорат гуфтааст, ки “Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақомоти марбутаи Россия то анҷоми тафтишот ва судури ҳукми ҷазо дар тамоси доимӣ хоҳанд буд.”


