
Интишороти Ақли Сурх, ки танҳо намоянда аз адабиёт ва ноширони Тоҷикистон дар намоишгоҳи китоби Теҳрон бидуни сонсур аст, дар рӯзҳои поёнии тури имсоли ин намоишгоҳ нигоҳе хоҳад дошт ба вазъияти адабиёти Тоҷикистон ва ба фаъолиятҳо ва хидматҳои ду шоъири бузурги тоҷик, ки дар моҳи ҷорӣ даргузаштанд ва ҷомеъаи тоҷик ва аҳли қалами онро ъамиқан гӯгвор карданд. Бозор Собир ва Муъмин Қаноъат ду шоъири барҷаста ва номдори тоҷик дар муддати ду ҳафтаи аввали моҳи Май ҷорӣ ҷаҳонро тарк карданд.
