Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

قتل وحشیانه دختر 5 ساله تاجیک در روسیه و ابراز نگرانی مقامات تاجیکستان

golshan by golshan
6 March 2019
in Ҷомеъа

 

 

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки “куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди панҷсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдо Тиллозода, ки рӯзи 22 июли соли 2018 дар шаҳри Серпухово рух дод, боиси нигаронии шадид ва изтироб дар Тоҷикистон гардид.”

Дар баёнияи вазорат аз рӯзи 24-уми июл омадааст, ки мақомоти вазорат ба унвони вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт фиристода ва хостанд, ки “тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад.”

Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-уми июл дар назди хонаашон дар шаҳри Серпухово ғайб зад ва ҷасади ӯро субҳи рӯзи 23-уми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии ҳамон маҳал пайдо кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия , дар ҷасади кӯдаки 5-сола осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида мешавад.

Вазорат гуфтааст, ки “Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақомоти марбутаи Россия то анҷоми тафтишот ва судури ҳукми ҷазо дар тамоси доимӣ хоҳанд буд.”

Tags: таҷовуз ва қатли кӯдаки тоҷикТрибуни ЗамонаҲувайдо Тиллозода

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо