<Мино Бобоёрова, нависандаи тоҷики муқими Нурвеж, дар гуфтугӯ бо Замона аз аввалин румони худ гуфт, ки дар шаҳри Услуи Нурвеж ба тозагӣ мунташир шудааст. Ин румон бо унвони “Рақси зиндагӣ” таваҷҷуҳи хонандагони нурвежиро ба худ ҷалб кардааст, чун ба гуфтаи ин нависандаи тоҷик, шаҳрвандони Нурвеж дар бораи Тоҷикистон камтар огоҳӣ доранд ва ҳар бор аз ӯ мепурсанд, ки Тоҷикистон куҷост ва тоҷикон чи мардуме ҳастанд.
Хонум Бобоёрова ҳудуди се сол пеш ба Нурвеж муҳоҷират кард ва дар тӯли ин се сол ӯ ба таври тамомвақт ба омӯхтани забони нурвежӣ машғул шуд ва аз тариқи навиштани ин румон тасаллути худ бар ин забонро ба марҳалаи болотар расонд. Яке аз далоили дигари навиштани ин румонро бону Бобоёрова ба эҳсоси танҳоие рабт медиҳад, ки дар замони муҳоҷирати худ ба Урупо таҷруба кардааст. Дурӣ аз азизон ва ҳамватанони худ ӯро водор карда, ки аз танҳоии занони тоҷик дар ватанашон бинависад. Ӯ мегӯяд, ки бисёре аз занони тоҷик дар ватан низ танҳо ҳастанд ва ҳамсаронашон ба муддатҳои тӯлонӣ дар кишварҳои дигар машғули коранд ва онҳо гоҳе тамосе бо ҳамсарони худ надоранд ва масъулияти тарбият ва нигаҳдории фарзандонро бар уҳда доранд ва аз ҳеч гуна ҳимояте бархурдор нестанд.
Бону Мино бо ҳамсари форсизабон ба сар мебарад, ки устоди донишгоҳи Блиндерн (Blindern) дар шаҳри Услуст ва дар риштари ҷомеъашиносӣ дарс медиҳад. Ӯ мегӯяд бо ин ки “Рақси зиндагӣ” аввалин румони ӯст, аммо дар Тоҷикистон шаш китоби пажуҳишӣ дар робита бо усули тадриси забон ва адабиёт навиштааст. Румони “Рақси зиндагӣ” дар интишороти “Sirkel forlag” мунташир шуда ва қарор аст базудӣ ба забонҳои дигар, аз ҷумла ба форсӣ, низ тарҷума шавад. Ба гуфтугӯе, ки Шаҳзодаи Самарқандӣ бо ин нависанда анҷом додааст, метавонед дар инҷо гӯш диҳед ва аз достони ин румон, шароит ва шеваи нигориш, далоили навиштан ва барномаҳои ояндаи ин нависандаи тоҷик бештар мутталеъ бишавед.
Гуфтугӯ бо Мино Бобоёрова, нависандаи тоҷики муқими Нурвеж:



