Мақомоти марзбонии Қирғизистон бо интишори баёнияе далели мамонеъат аз вуруди пизишкони Салиби Сурх ба минтақаи марзии Ворух дар шимоли Тоҷикистонро тавзеҳ додаанд. Дар ин баёния омадааст, ки далели ҷилавгирӣ аз худрави имдодгарони Салиби Сурх нигаронӣ аз амнияти ҷонии онҳо будааст. Мақомоти қирғиз ҳамчунин гуфтаанд, худравҳое, ки пизишкони Салиби Сурх савори он буданд, нишонае аз намояндагии ин созмон надоштааст.

Гуфта мешавад, ҳоло намояндагони Салиби Сурх иҷозаи вуруд ба маҳалли даргириро доранд, аммо бар асоси мушоҳидаҳои шахсӣ, онҳо ҳануз на бо расонаҳои маҳаллӣ суҳбат кардаанд ва на дар сойти расмии худ гузорише дар ин бора интишор додаанд.
Бо ин ки Салиби Сурх дар Тоҷикистон дафтари намояндагӣ дорад, аммо дар мавориди изтирорӣ дафтари узбакистонии ин созмони байналмилалӣ ниёзҳои кишвари Тоҷикистонро низ пӯшиш медиҳад.
Аз даргириҳое, ки дар ҳаволии рустои Ворух байни тоҷикон ва қирғизҳо сар зад, ду нафар кушта ва беш аз бист нафар захмӣ шудаанд. Мақомоти қирғиз гуфтаанд, ки се тан аз захмишудагон аз сокинони қирғизтаборанд.
Ин даргириҳо бар сари сохтмони ҷоддае аз сӯи мақомоти қирғиз дар минтақае марзӣ бо Тоҷикистон рух додааст. Пас аз вуқӯъи даргирӣ роҳе, ки маркази ноҳияи Исфараро бо рустои Ворух дар шимоли Тоҷикистон муттасил мекунад, аз сӯи мақомоти қирғиз баста шуда ва маълум нест чи замоне боз хоҳад шуд.
Мақомоти ду кишвар, ки мавзӯъи ин даргириро ба музокира гузошта буданд, эълом кардаанд, ки ҷониби Қирғизистон метавонад ҷоддаи мавриди баҳсро бисозад. Дар муқобил, тоҷикони рустои Ворух низ метавонанд ҷоддаи ҷадиде ба самти маркази ноҳияи Исфара барои худ бисозанд.
Равшан нест, ки ин ҷоддаи ҷадидро қарор аст мардуми маҳаллии Ворух бисозанд ё давлат ҳазинаи онро хоҳад пардохт. Тоҷикистон дар ин музокира чи манфаъате дошта ва оё тавонистааст масъаларо ба сӯди мардуми худ ҳаллу фасл кунад? Ин пурсишҳои бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон аст.
Ин аввалин бор нест, ки дар марзҳои номушаххаси байни ин ду кишвари ҳамсоя пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ баҳсу даъвоҳои марзии сокинон мунҷар ба даргириҳои хунини қавмӣ байни тоҷикону қирғизҳо мешавад.
Аз 970 килуметр марзи муштараки байни ду кишвар 470 килуметр ҳамчунон дақиқ ва нишонагузорӣ нашуда ва музокироти мақомҳои ду кишвар дар ин маврид борҳо бенатиҷа анҷом ёфтааст.
Таълиқи ҳалли ин масъала тайи се даҳаи гузашта боъиси даргириҳои хунин ва талафоти ҷонӣ ва аз байн рафтани амволу дороиҳои хусусии шаҳрвандон дар ин минтақаи дорои марзҳои номушаххас шудааст.



