Иқтисоди кишварҳои Осиёи Миёна вобастагии зиёде ба ваҷҳи ирсолии коргарони муҳоҷирашон дорад. Дар ин миён, коргарони тоҷик дар Русия, бар асоси омори мунташиршуда аз сӯи Бонки Марказии Русия, беш аз дуву ним милёрд дулор арз ба кишварашон фиристодаанд.
Ба гузориши рӯзномаи “Тоймзи Осиёи Миёна”, ваҷҳҳои ирсолии коргарони тоҷик дар Русия дар поёни соли 2018 ба ду милёрду 553 милюн дулор расидааст, ки баробар бо 36 дарсади тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон дар ҳамон сол (беш аз ҳафт милёрд дулор) аст. Дарвоқеъ, ба бовари мутахассисон, 95 дарсад аз ин маблағро даромади коргарони тоҷик ташкил медиҳад.
Ба гузориши вебсойти хабарии «Авесто», Вазорати бозаргонии Тоҷикистон эълом карда, ки беш аз 224 милюн дулор аз ин даромад барои бозпас додани бидеҳии хориҷии кишвар дар соли гузашта масраф шудааст. Бар асоси ин гузориш, ваҷҳҳои ирсолии моҳиёнаи афроди тоҷик аз Русия ба кишварашон – ағлаб коргарони муҳоҷир – тақрибан баробар бо мизони солиёнаест, ки ин кишвар барои бозпардохти бидеҳии хориҷияш харҷ мекунад.
Маҷмӯъи бидеҳии хориҷии Тоҷикистон дар оғози 2019 баробар бо 2,9 милёрд дулор, яъне 38,9 дарсади тавлиди нохолиси ин кишвар, аст.
Коргарони муҳоҷири тоҷик танҳо аз Русия ба Тоҷикистон пул намефиристанд, балки шуморе аз онҳо дар дигар давлатҳои узви Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд (CIS), шомили Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Узбекистон, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Мулдовӣ ва низ дар кишварҳои урупоӣ машғули коранд. Аммо давлати Тоҷикистон омори дақиқи пулҳои ирсолиро мунташир намекунад.
Иқтисоди кишварҳои Осиёи Миёна, минтақае аз кишварҳои фақир, башиддат ба ин даромадҳо вобаста аст. Бар асоси омори вебсойти таҳлилии “Фукус Экунумик”, се кишвари ин минтақа дар миёни 10 кишвари фақири дунё ҳастанд. Дар ин радабандӣ Тоҷикистон чаҳорумин, Қирғизистон нуҳумин ва Узбекистон даҳумин кишвари фақири дунё ҳастанд.



